Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи "саркаш" ба 2,6 сол маҳкум шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як ронандаи мошини шахсӣ, ки ба фармони нозири Воҳиди махсуси милиса итоат накарда ва ӯро болои капот бардошт ва маҷрӯҳ кард, ба муддати дувуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст.Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ронандаи автомашинаи шахсии тамғаи "Опел-астра" Салимов.З.М бинобар итоат накардан ба корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ Аъзам Раҷабов ба муддати 2,6 сол ба зиндон маҳкум шудааст. Аз дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки ронанда Салимов З.М тибқи моддаи 328 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, 2 солу 6 моҳро дар калонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ҳодиса дар таърихи 2 декабри соли 2014 дар кӯчаи Карамов рух додааст ва нозири пулис Аъзам Раҷабов бо ишорачӯб ва ҳуштак мошини Салимов.З.М-ро барои санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ талаб мекунад, аммо ронанда бо суръати баланд ҳаракатро идома додааст. Дар ин ҳолат корманди пулис муайян кардааст, ки қисми қафои автомашинаи Салимов шумораи давлатӣ надорад ва аз ин рӯ ӯро дунболагирӣ кардааст. Корманди пулис баъди ин ҳаракатҳои шубҳаноки ў ба қисмати пеши автомашина гузашта кӯшиш кардааст, ки рақами бақайдгирии давлатии автомашинаи судшавандаро гирад. Дар ин вақт, С.З.М дидаю дониста қасдан зўроварӣ намуда, автомашинаашро ба суи нозири роҳ Раҷабов А. ба ҳаракат даровардааст, ки дар натиҷа нозири роҳ ба болои капоти қисми пеши автомашина афтидааст.

Аз ин қабл мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ронандаи дигар, ки корманди Бозрасии давлатии автомобилиро рӯи капоташ тақрибан 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз карда буданд. Мақомоти раёсати бозрасии давлатии автомобилии Душанбе дар моҳи март ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки баъди гурехтан аз ҷойи ҳодиса, нозирони роҳ ронандаи “Опел”-ро дастгир карданд ва мошинашро ба ҷаримагоҳ оварданд.

XS
SM
MD
LG