Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми чоруми Тоҷикистон дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонӣ


Дастаи Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи мақоми чорумро касб кард.

Дастаи Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Сочи ҷои чорумро соҳиб шуд.

Аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи аз рӯи панҷ намуди варзиш, минҷумла футболи хурд барпо гардид. Ба иттилои Комрон Шодиев, сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дастаи ҷумҳурӣ хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 92-и пойтахти кишвар - ғолибони бозиҳои интихобӣ дар Душанбе – шомил буданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд дар Сочи 20 даста ширкат дошт. Дар даври пешакӣ дастаи Тоҷикистон бар Украина (2:1), Беларус (3:1) ва Гурҷистон (2:1) пирӯз шуда, аз тими Сочи-1 (2:6) шикаст хӯрд. Дар даври чорякниҳоӣ футболбозони навраси тоҷик бар дастаи Арманистон (3:0) ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз дастаи Абхазистон (1:2) мағлуб гаштанд. Дар бозӣ барои ҷои севум наврасони тоҷик аз тими Русия (0:4) шикаст хӯрданд.

Натоиҷи бозиҳои дастаи Тоҷикистон:

Марҳилаи гурӯҳӣ

Тоҷикистон – Украина – 2:1
Голҳои Тоҷикистон:
Ромиз Мирзоев, Шоҳрух Қаюмов.

Сочи-1 – Тоҷикистон – 6:2
Голҳои Тоҷикистон:
Шоҳрух Қаюмов, Азамати Шӯҳрат

Беларус – Тоҷикистон – 1:3
Голҳои Тоҷикистон:
Беҳзоди Ҳусейн, Азамати Шӯҳрат (2).

Тоҷикистон – Гурҷистон – 2:1
Голҳои Тоҷикистон:
Азамати Шӯҳрат, Исмоил Каримов.

1/4 финал

Тоҷикистон – Арманистон – 3:0
Гол
ҳои Тоҷикистон: Шоҳрух Қаюмов, Азамати Шӯҳрат.

Нимфинал

Тоҷикистон – Абхазистон – 1:2
Гол
и Тоҷикистон: Исмоил Каримов.

Бозӣ барои ҷои 3-юм
Русия – Тоҷикистон – 4:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷамъбасти мусобиқа:

1. Сочи-1
2. Абхазистон
3. Русия
4. ТОҶИКИСТОН
5. Қирғизистон
6. Арманистон
7. Юнон
8. Сочи-2
9. Беларус
10. Осетияи Ҷанубӣ
11. Узбакистон
12. Гурҷистон
13. Шветсия
14. Туркманистон
15. Сербия
16. Ирландия
17. Украина
18. Литва
19. Қазоқистон
20. Финляндия

XS
SM
MD
LG