Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ҷинпинг аз Покистон ба поён расид


Суханронии Ҷинпинг дар порламони Покистон

Суханронии Ҷинпинг дар порламони Покистон

Си Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин боздиди дурӯзаи худро аз Покистон ба поён расонд. Вай дар ҷараёни ин боздид ба арзиши 46 миллиард доллар чанд қарордоди ҳамкорӣ имзо кард, то миёни ин ду кишвар долони иқтисодӣ ба вуҷуд ояд.

Дар як баёния дар порламон, ки аз тариқи телевизион мустақим пахш шуд, Си Ҷинпинг дар бораи ҳамкориҳои вижаи миёни Пекин ва Покистон сӯҳбат кард. Покистон наздиктарин ҳамкори Чин дар Осиёи Ҷанубӣ ба шумор меравад.

Си Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин мегӯяд, ки кишвараш ҳамеша дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Покистон кӯмак кардааст ва “Чин ҳамеша дар канори Покистон хоҳад истод”.

Баъд аз ин суханон намояндагони порламон аз курсиҳо бархостанд ва ба Си Ҷинпинг кафкӯбӣ карданд. Сипас Навоз Шариф чунин гуфт: “Мо барои решакан кардани терроризм як ҷо мубориза хоҳем кард”.

Си Ҷинпинг баъдтар дар Исломобод бо Манмун Ҳусайн-раиси ҷумҳури Покистон мулоқот кард ва аз Исломобод ба Индонезиярафт.

XS
SM
MD
LG