Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти амнияти Русия ё ФСБ як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро барои дар шабакаи ҷаҳонии интернет гузоштани як силсила маводе, ки ангезандаи хушунати зидди ғайримусулмонҳо шумурда шудаанд, дар Архангелск боздошт кард ва нисбати ӯ бо иттиҳоми "даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва ҳимояти расмӣ аз терроризм" парванда боз намуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон маводи зиёдеро, ки дар онҳо даъват ба узвияти гурӯҳи "Давлати Исломӣ", "Дастаи ал-Форуқ", Ҳизби Исломии Туркистон мавҷуд будааст, дар интернет нашр намуд. Зимнан ҷавонони зиёде дар Тоҷикистон ва берун аз он ба паҳн кардани чунин мавод машғуланд. Ҳамчунин аз манзили ин ҷавон ҳуҷҷат ва адабиёти зиёди динӣ, ки маводи тундгароёна шумурда мешаванд, мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG