Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2018


Федератсияи футболи Тоҷикистон замони оғози бозиҳои хонагии мунтахаби футболи кишварро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муайян кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон замони оғози бозиҳои мунтахаби футболи кишварро дар даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки дар майдони худ анҷом медиҳад, маълум кард.

Бар асоси қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 14 апрел дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Марҳилаи интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11 июни соли равон дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун соати 20:00 шурӯъ хоҳад шуд.

Бозии дувуми футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Австралия, барандаи феълии Ҷоми Осиё, 8-уми сентябр соати 18:00 оғоз меёбад.

Мунтахаби Тоҷикистон 12-уми ноябр дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш соати 17:00 вориди рақобат мешавад.

Ниҳоят, бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 29 марти соли 2016 бо тими миллии Қирғизистон дар Душанбе соати 18:00 барпо мегардад.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Соати 20:00. Тоҷикистон – Урдун

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Соати 18:00. Тоҷикистон – Австралия

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Соати 17:00. Тоҷикистон – Бангладеш

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Соати 18:00. Тоҷикистон – Қирғизистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG