Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 888 шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи кор дар Тоҷикистонро пайдо карда ва 3970 сокини ин кишвар бо ҷой кор таъмин шуданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21 апрел зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар се моҳаи аввали соли 2015 ба 13 субъекти хоҷагидор иҷозатнома оид ба ҷалби хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 738 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 100 шаҳрванди Ветнам, 26 нафар шаҳрванди Туркия, 9 шаҳрванди Юнон, 3 шаҳрванди Қирғизистон, 6 нафар Ҷумҳурии исломии Эрон, 3 шаҳрванди Мисри Араб, 2 шаҳрванди Украина, ва 1 шаҳрванди Урдун дар соҳаи сохтмони иншоотҳо ва истеҳсолот дода шудааст.” Ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, “дар ин баробар 3870 шаҳрванди Тоҷикистон низ бо ҷойи кор дар ин иншоот таъмин шудаанд.” Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, “дар самти пешгирӣ ва назорати муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 25 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида шуда, муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 1730 шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 2780 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ширкатҳо ба ҷои кор таъмин шудааст.”

XS
SM
MD
LG