Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таъсири таҳримҳои Ғарбро эътироф кард


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия 21 апрел гуфт, ки иқтисоди Русия дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб тақрибан 26,7 миллиард долларро аз даст додааст ва натиҷаҳои таҳримҳои Ғарб соли ҷорӣ ба маротиб бештар хоҳад буд.

Вай ин нуктаро зимни суханронии худ дар порламон изҳор дошт ва гуфт, даромади нохолиси миллӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 2 дарсад кам шудааст.

Русия барои тобеъ кардани Қрим ва барои кӯмак ба ҷудоихоҳони ҷонибдори худ ба таҳримҳои иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ва Ғарб дучор шуд.

Медведев гуфт, зарари Русия аз таҳримҳои Ғарб “эҳсосшаванда аст ва мо онро пинҳон дошта наметавонем”. Вай гуфт, суботи иқтисод бармегардад, вале ҳушдор дод, ки “агар фишорҳои берунӣ афзоиш ёбад ва нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои муддати тӯлонӣ дар сатҳи хеле поин боқӣ бимонад”, Русия бояд “ба воқиеятҳои дигари иқтисодӣ худро мутобиқ созад”.

XS
SM
MD
LG