Пайвандҳои дастрасӣ

Номи нав ба муҳоҷири ихроҷшуда кӯмак накард


Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки баъд аз ихроҷ шудан аз Русия дар ватан бо ному насаби дигар шиносномаи нав гирифт, ба қаламрави Русия ворид шуда натавонист. Марзбонони Русия дар Санкт-Петербург ҳувияти ӯро ошкор карданд ва аз вурудаш ба ҳудуди Русия пешгирӣ карданд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон 4000 рубли русӣ ҷарима супурд ва бо парвози баъдӣ ба Тоҷикистон фиристода шуд. Қисме аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо ин ё он гуноҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, бо додани ришва дар Тоҷикистон ному насаби худро иваз мекунанд, то ба Русия баргарданд. Тоҷикистон бо Русия сари он гуфтушунид дорад, ки муҳоҷирони ихроҷшуда афв шаванд ва ба Русия баргашта тавонанд. Ҳоло наздик ба 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG