Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати иқтисод: Нархи орд боло меравад


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гароншавии нархи ордро дар кишвар пешбинӣ кардааст. Дар гузориши апрелии "Мониторинг ва огоҳсозии қаблӣ"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо омадааст, маҳдудияти эҷодкардаи Русия барои содироти гандумаш метавонад, талабгорони гандуми Қазоқистонро бештар кунад, ки дар натиҷа ба болоравии нархи орд сабаб хоҳад шуд.

"Ин аст, ки нархи орд дар Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя гарон мешавад,"-омадааст дар гузориши вазорат. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, нархи як халта орди 50-килоӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 5 сомонӣ гарон шудааст. Бинобар гуфтаи гузоришгарон, як халта орди 50-килоии навъи якуми маҳаллӣ дар моҳи гузашта аз 155 сомонӣ ба 160 ва орди Қазоқистон аз 163 ба 167 сомонӣ дакка хӯрдааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, Тоҷикистон ба камбуди картошка, яке аз дигар маҳсулоти ғизоии асосии сокинони кишвар низ рӯбарӯст. Аммо ба қавли гузоришгарон, содироти картошка аз Покистон ба кишвар идома дорад ва ин пеши роҳи гарон шудани нархи ин нави маҳсулотро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG