Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарзода: Толибон дар шимол фаъол шудаанд


Tajikistan -- Rustam Nazarov, the chief of Tajik Drug Control Agency (DCA), 03Nov2009
Tajikistan -- Rustam Nazarov, the chief of Tajik Drug Control Agency (DCA), 03Nov2009

Рустам Назарзода-раиси Ожонси назорат бар маводи мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Маскав гуфт, баъзе гурӯҳҳои ҷунбиши Толибон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ба созмони террористии “Давлати Исломӣ” пайвастаанд.

Вай гуфтааст: “Дар вилоятҳои наздимарзии Афғонистон дар Балху Қундуз ва Тахору Бадахшон ҷунбиши Толибон ва нируҳои дигари зидди ҳукуматӣ фаъол шудаанд. Гузашта аз ин, бо роҳ ёфтани тундравҳои “Давлати Исломӣ” ба ин вилоятҳо ба онҳо баъзе гурӯҳҳои Толибон пайвастаанд”.

Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст. Рустам Назарзода дар Маскав дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои зидди маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шонгҳой ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG