Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Мурсӣ 20 сол зиндонӣ шуд


Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ

Додгоҳи ҷурму ҷиноёти Миср Муҳаммад Мурсӣ - раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ва 12 раҳбари "Ихвонулмуслимин"-ро барои куштори эътирозгарон дар соли 2012 ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ин додгоҳ ҳукми худро 21 апрел дар Қоҳира барои Мурсӣ - нахустин раисиҷумҳури интихобшудаи Миср ва афроди дигар, ки дар толори мурофиа дар қафаси шишаӣ меистоданд, содир намуд. Парвандаи онҳо ба эътирозҳои моҳи декабри соли 2012 иртибот дорад, ки ҷонибдорони Мурсӣ дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ба эътирозгарон ҳамла бурданд ва ба камияш 10 нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд.

То ҳол Мурсӣ дар зиндони амнияташ шадид дар шаҳри бандарии Искандария нигаҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG