Пайвандҳои дастрасӣ

Ду соли зиндон барои изҳори назар дар Интернет


Кирил Силивончик

Кирил Силивончик

Кирил Силивончик-муҳандиси 22 солаи компютерро барои ҷонибдорӣ аз Украина дар интернет 2 сол маҳкум ба зиндон карданд.

Павал Юхневич-фаъоли мадании Беларус ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Кирил Силвончик аз шаҳри Ҳомели Белраус аст ва моҳи декабр вайро дар шаҳри Нижний Новгороди Русия боздошт кардаанд. Вай дар он ҷо дар як ширкати русии нармафзорҳо кор мекард.

Силивончик ва чанд нафар аз ҳамкорони русашро барои таҳрики терроризм дар интернет гунаҳгор кардаанд. Юхневич аз номи хешовандони Силивончик мегӯяд, додгоҳи низомии Маскав вайро барои ду сол равонаи зиндони ҷиноятҳои амниятӣ кардааст.

Бозрасон мегӯянд, ки Силивончик чанд изҳорот дар интернет гузоштааст ва дар онҳо Русияро барои пайвастани Қрим муттаҳам кардааст. Вай ҳамчунин гӯё даъват кардааст, ки русҳоро ба қатл расонанд.

XS
SM
MD
LG