Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нафар дар таркиши Қандаҳор ҷон дод


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар таркиши назди идораи пулиси Қандаҳор 1 нафар кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Самим Спалвок-сухангӯи волии вилояти Қандаҳор гуфт, ин таркиш 21 апрел дар шаҳри Қандаҳор рух додааст.

Қаюм Пухло-сартабиби шифохонаи вилоятии Қандаҳор мегӯяд, як нафари кушташуда ғайринизомӣ ва 5 нафари захмиҳо кормандони пулис будаанд. Вилояти Қандаҳор яке аз марказҳои Толибон ба шумор меравад ва худи шаҳр дар солҳои 1996-2001 маркази режими Толибон буд.

Шӯришиёни Толиб ҳамлаҳои худ ба нируҳои амниятиро афзоиш додаанд, зеро мавсими гармо фаро мерасад.

XS
SM
MD
LG