Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷинпинг: "Чин ҳамеша дар канори Покистон меистад"


Си Ҷинпинг ва Навоз Шариф

Си Ҷинпинг ва Навоз Шариф

Си Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин мегӯяд, ки кишвараш ҳамеша дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Покистон кӯмак кардааст ва “Чин ҳамеша дар канори Покистон хоҳад истод”.

Дар як баёния дар порламон, ки аз тариқи телевизион мустақим пахш шуд, Си Ҷинпинг дар бораи ҳамкориҳои вижаи миёни Пекин ва Покистон сӯҳбат кард. Покистон наздиктарин ҳамкори Чин дар Осиёи Ҷанубӣ ба шумор меравад.

Дар яке аз ҳушдорҳо ба тундравҳои исломӣ ва дар бораи хатарҳои дигари амниятӣ Ҷинпинг гуфт, “чунин ранҷҳо” ва “муборизаҳое, ки фикру зикри моро ба ҳам овардааст”, кишварҳоро ба ҳам наздик мекунад.

Вай гуфт, Чин ҳеҷ гоҳ фромӯш нахоҳад кард, ки Покистон дар таъмини амният дар имтидоди марзҳои ғарбии Чин саҳми бузург дорад. Ҷинпинг барои боздиди дурӯза дар Покистон қарор дорад.

20 апрел раҳбари Чин бо Навоз Шариф-нахуствазири Покистон тарҳои энержӣ ва марбут ба зербинои Покистонро эълон карданд, ки тақрибан 46 миллиард доллар арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG