Пайвандҳои дастрасӣ

Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) таърихи баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷавонони Осиё-2016 (U-19) тағйир ёфт.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) таърихи баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-соларо, ки сабқати ниҳоии он соли оянда доир мешавад, дигар кард.

Ибтидо қарор шуда буд, ки марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола аз 2 то 10 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Аммо Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки марҳилаи интихобӣ аз 28 сентябр то 6 октябри соли равон гузаронида шавад. Сабаби ба муҳлати пештар гузаронидани марҳилаи интихобӣ ба доир гардидани бозиҳои даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо иштироки дастаҳои мунтахаби миллӣ рӯзҳои 8 ва 13 октябр бастагӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои мизбонии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола ба Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ ирсол карда буд. Ҳамчун макони баргузории ин мусобиқа ФФТ Варзишгоҳи марказии Душанберо, ки 20 ҳазор ҷойгоҳ дошта, барои гузаронидани бозиҳои байналмилалӣ ба талаботи AFC ва FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ҷавобгӯ мебошад, пешниҳод кардааст.

Тасмими макони баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола аз ҷониби AFC ояндаи наздик гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футболи ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров моҳи марти соли равон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Анталияи Туркия якчанд бозии санҷишӣ анҷом дод.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии санҷишӣ бар тими даниягии «Сённерйюск» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кардааст. Ҳарсе голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷони Ҳасан, нимҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ба самар расондааст.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дувуми санҷишӣ бар тими лигаи севуми Швейтсария «SV Port» бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд. Голҳои мунтахаби ТоҷикистонроМуҳаммадҷони Ҳасан (дақиқаи 23-юм), Эҳсони Панҷшанбе (51 ва 75) ва Алишер Баротов (68) заданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими ҷавонони Русия (бозигарони соли таваллудашон 1998) бо ҳисоби 0-0 анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG