Пайвандҳои дастрасӣ

Шавкат Саидов – раиси нави ТВ "Пойтахт"


Шавкат Саидов

Шавкат Саидов

Шавкат Саидов, ки тайи тақрибан даҳ соли охир сухангӯи шаҳрдори Душанбе буд, рӯзи 20 апрел раҳбари нави телевизиони “Пойтахт” таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Шаҳло Мӯсоеваро иваз намуд, ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расида буд.

Телевизиони "Пойтахт" баъд аз таин шудани Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар соли 2012 вақте сари забонҳо шуд, ки ҳангоми намоиши мусоҳиба бо Гулрухсори Сафӣ, шоираи тоҷик, намоиши барнома қатъ шуд ва танҳо баъд аз чанд рӯз дубора барқарор шуд. Аммо масъулони ширкати "Радиотелеком", таъминкунандаи мавҷи телевизион гуфта буданд, сабаби қатъи пахши барномаҳои ин телевизион дар фарсуда шудани фиристандаҳои он аст.

Шабакаи «Пойтахт» соли 1996 ҳамчун "Ширкати телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт" таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе ва 7 корхонаи саноатии шаҳр буд. Он вақтҳо 32 нафар коргар дошт ва директори он Раҳмон Остонов буд.

XS
SM
MD
LG