Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав бо наомадани Лукашенка муросо кард


Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин тасдиқ кард, ки раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар парад ё намоиши ҳарбии 9 май дар Маскав ширкат нахоҳад кард. Вай гуфт, ки ин қарори раҳбари беларус барои Маскав фаҳмост. "Ҳампаймони наздиктарини мо, президенти Беларус дар айни як чунин парад дар Минск ширкат мекунад ва Беларус низ Рӯзи Пирӯзиро ба таври густарда ҷашн мегирад," -- гуфт Песков. Дар ҳоле ки матбуоти Русия ба Маскав наомадани Лукашенкаро дар як саф бо худдории бисёре аз раҳбарони Ғарб аз сафари Маскав гузошт ва таҳти танқид қарор дод, худи Лукашенка гуфт, ҳамчун сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш бояд ин парадро қабул кунад ва ба ин сабаб дар ҷашни Маскав ширкат карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG