Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, сармои ногаҳонӣ дар моҳи март ва аввали апрели соли ҷорӣ барои деҳқонони ин минтақа 90 миллион доллар зиён расондааст.

Идораи кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, деҳқонони ин минтақа аз хунукии нобаҳангоми аввали баҳори имсола 90 миллион доллар, баробар ба 550 миллион сомонӣ, зиён дидаанд. Бобоҷон Домуллоев -- муовини раиси идораи кишоварзии вилоят рӯзи 20 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барфезиҳои моҳи март ва аввали моҳи апрели соли ҷорӣ боис ба нобудии гулу муғҷаи 39 ҳазор гектар боғи зардолу ва ток ва ҳудуди 7 ҳазор гектар зироат шудааст.

Боғпарварӣ як бахши асосии кишоварзӣ дар Суғд ба шумор меравад ва ҳудуди 50 ҳазор боғи дарахт, аз ҷумла зардолуву ангур дорад. Ҳар сол аз ин минтақаи шимолии кишвар беш аз 80 ҳазор тонна меваи хушк ба Русия содир мешавад, ки қисми асосии он зардолуи хушк аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, аз сармозании гули дарахтони мева бештар деҳқонон, тоҷирони содиркунандаи меваи тару хушк ва корхонаҳои коркарди зардолуву ангур зарар мебинанд. Як корманди корхонаи "Баракат" дар шаҳри Исфара, ки ба коркарди меваю сабзавот, ба хусус зардолуи хушк машғул аст, дар суҳбат бо мо гуфт, сармозании гули мева ба фаъолияти корхонаашон таъсир гузоштааст: "Корхонаи мо 1 ҳазор – 1 ҳазору 200 тонна баргак (қоқ) - и хушки зардолу коркард мекард ва ба хориҷа, асосан шаҳру вилоятҳои Русия содир мекард. Аммо имсол гули зардолуро сармо зад ва иқтидори корхонаи мо 50 дарсад поин меравад."

Мусоҳиби мо афзуд, барои ҷуброни зарари худ талош доранд, имсол бештар ба парвариши помидор машғул шаванд, аммо ин кор ба гуфтаи ӯ мисли коркарди аввалияи зардолу сердаромад набудааст.

Дар корхонаҳои коркарди меваи хушк садҳо нафар кор мекунанд ва "поин шудани иқтидори корхона" ба он маъност, ки бархе коргарон имсол аз дарёфти рисқу рӯзиашон дар ин корхонаҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Бар илова, коршиносон қимат шудани нархи меваи тару хушкро дар соли равон низ пешбинӣ мекунанд. Аввалин нишонаи он дар бозорҳои маҳаллӣ ба чашм мерасад, ки ғӯраи зардолу камёфт аст ва як пиёлаи он аз 2 то 3 сомонӣ нарх дорад. Дар ҳоле ки соли гузашта нархи 1 кило зардолуи тар ҳамагӣ 3 сомонӣ қимат дошт.

Сардии нобаҳангом нимашаби 29-уми март ва бориши барфу боронҳои сард қисмати умдаи Осиёи Миёна ва ба хусус минтақаи водии Фарғонаро фаро гирифта, 4 шабонарӯз давом кард. Дар он шабу рӯзҳо обу ҳаво дар вилояти Суғд аз 8 то 12 дараҷаи зери сифр поин рафт ва гулу муғчаву барги дарахтони мева ях баст.

Деҳқонони солдида мегӯянд, чунин сармои шадидро, ки тамоми минтақаи водии Фарғонаро фаро гирифтаву ҳосили дарахтони меваро тақрибан аз байн бурда бошад, ёд надоранд, аммо шунидаанд, ҳудуди 110 сол пеш низ чунин сармои сахт дар баҳор ҳосили дарахтони меваро нобуд кардааст.

XS
SM
MD
LG