Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Афғонистон зидди “Давлати Исломӣ”


Президентҳои Эрон ва Афғонистон бо ваъдаи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ мегӯянд, ду кишвар метавонанд зидди гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” амалиёти муштараки ҳарбӣ анҷом диҳанд. Изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ашраф Ғанӣ баъд аз мулоқоти ду нафар дар Теҳрон рӯзи 19 апрел дар ҳоле садо дод, ки дар як ҳамлаи худкушона дар шаҳри Ҷалолобод, шарқи Афғонистон ба камияш 33 нафар кушта ва 100 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” бар дӯш гирифт. Ду раҳбар дар бораи шаклҳои ҳамкорӣ зидди ин гурӯҳ ҷузъиёт надоданд.

XS
SM
MD
LG