Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир хостааст, нақшаи буҷа пурра иҷро шавад


Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон

Вазири молияи Тоҷикистон аз зердастонаш хостааст, барои пурра иҷро шудани нақшаи буҷа дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд. Дафтари матбуоти вазорати молия рӯзи 20 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдусалом Қурбониён ин ҳарфҳоро дар анҷоми ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои молиявии кишвар дар се моҳи аввали сол баён доштааст.

Таъкиди вазири молия ба зердастонаш дар ҳолест, ки нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон иҷро нашуд ва ин падидаест, ки дар панҷ соли охир собиқа надоштааст.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори моҳҳои январ-феврали соли равон ба буҷаи давлат каме беш аз 1 миллиарду 725 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 94 дарсади нақшаи буҷаи давлатӣ барои соли 2015-ро ташкил мекунад. Дар панҷ соли охири бори аввал аст, ки бахши даромади буҷа ба 100 намерасад, дар ҳоле ки баъзе солҳо то 120 дарсад низ расида буд.

XS
SM
MD
LG