Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аш-Шубоб" - масъули таркиши автобуси СММ


Гурӯҳи “Аш-Шубоб” масъулияти таркиши автобуси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Сомалиро бар дӯш гирифт. Бар асари таркиш дар шаҳри Гароу рӯзи 20 апрел дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Афсари полис Абдуллоҳи Муҳаммад, тасдиқ кард, ки дар инфиҷор кормандони дафтари СММ ҷон бохтаанд.

Аммо хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои дигар корманди полис дар бораи ҳалокати дасти кам 9 нафар – ду шаҳрванди Кения ва ҳафт муҳофиз аз Сомалӣ иттилоъ додааст. Ҳанӯз маълум нест, ки автобус бар асари ҳамлаи маргталаб инфиҷор шудааст ё бомбро дар автобуси кормандони СММ ҷойгузорӣ карда буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳадафи гурӯҳи “Аш-Шубоб” ҷорӣ кардани қавонини шариат дар Сомалӣ аст. Ҳафтаи гузашта мусаллаҳони ин гурӯҳ ба як бинои ҳукуматӣ дар Могадишо, пойтахти Сомалӣ, ҳамла карда, дасти кам даҳ нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG