Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти наҷоти муҳоҷирон идома меёбад


Созмони байнулмилалии муҳоҷират рӯзи 20 апрел аз гурӯҳи ҷустуҷӯии италиявии “Баҳри мо” (“Mare Nostrum”) даъват кард, ки амалиёти наҷотбахшӣ дар ҷойи суқути киштӣ бо муҳоҷирон аз Африқо ва Ховари Миёнаро аз сар бигирад.

Шаби якшанбе дар соҳилҳои Либия киштие ғарқ шуд, ки дар он тарқибан 700 нафар мехостанд вориди қораи Аврупо шаванд. Ба иттилои ахир, аз ин фоҷиа, ки мудҳиштарин дар таърихи убури паноҳандагон аз тариқи Баҳри Миёназамин маҳсуб мешавад, фақат 28 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Раиси Созмони байнулмилалии муҳоҷират Вилям Лейси Свинг рӯзи душанбе изҳор намуд, аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи декабри соли 2014 италиявиҳо тақрибан 200 ҳазор муҳоҷиронеро наҷот додаанд, ки мехостанд тавассути Баҳри Миёназамин худро ба Аврупо расонанд.

Нахуствазири Италия Маттео Рентсӣ ахиран хостори тақвияти талошҳои байнулмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз марги муҳоҷирон дар Баҳри Миёазамин шуд.

XS
SM
MD
LG