Пайвандҳои дастрасӣ

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони Русия ба анҷом расид.

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, ки 18-уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Русия хотима ёфт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе хабар дод.

Вай афзуд, “ин ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуд. Дар ин ниммарафон, ки аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе то майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) – сурат гирифт, ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) аз шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Самара ва Челябински Русия, шаҳри Барселонаи Испания, шаҳри Тошканди Узбакистон, шаҳри Шерози Эрон, инчунин давандаҳо аз Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд”.

Дар ин ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт –Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуданд.

Андрей Петров ва Марина Химелевская (ҳарду аз шаҳри Тошканди Узбакистон) ҷойҳои дуюм, Самуэл Вайтака (Кения) ва Жаннатбек Гулжанат (шаҳри Алматии Қазоқистон) ҷойҳои сеюм, Степан Киселёв (шаҳри Қазони Русия) ва Катя Фатеева (шаҳри Челябински Русия) ҷойҳои чорум, Энтони Муго (Кения) ва Ираида Александрова (шаҳри Қазони Русия) ҷойҳои панҷум, Иля Пяткин (шаҳри Бишкеки Қирғизистон) ва Зайнаб Мансурӣ (шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон) ҷойҳои шашумро соҳиб шуданд.

Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизапулӣ барои ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ сарфароз гаштанд.

Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга рӯзи 18-уми апрел дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд. Вале варзишгарони тоҷик, ки натиҷаҳои хуб нишон дода натавонистанд, аз ҷоизапулӣ бенасиб монданд.

Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук бо ҷоизаи «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» ба маблағи 3500 сомонӣ; толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе бо ҷоизаи «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 2500 сомонӣ; мураббии Мактаби махсуси кӯдакону

Ҷаҳонзеб Қармишев (байн)

Ҷаҳонзеб Қармишев (байн)

наврасони захираҳои олимпии №2–и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ва камонварӣ Ҷаҳонзеб Қармишев бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз шуданд.

Инчунин 38 нафар ғолибони озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал - 1000 сомонӣ, ҷои дуюм -900 сомонӣ, ҷои сеюм 800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2 аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал - 700 сомонӣ, ҷои дуюм- 600 сомонӣ ва ҷои сеюм - 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG