Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӣ Ҷинпин вориди пойтахти Покистон шуд


Сӣ Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин, ба хотири баррасии масоили иқтисодӣ ва амниятӣ бо Покистон рӯзи 20 апрел вориди Исломобод шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст, ки ӯ тарҳҳои муштараки иқтисодии кишвараш бо Покистон ба маблағи 46 миллиард долларро муаррифӣ кунад.

Пекин ва Исломобод мехоҳанд Долони Иқтисодии Покистон ва Чинро боз кунанд – тавассути ин долон Чин ба бандари ҷанубии Гвадари Покистон бо бандарҳо дар Баҳри Араб даст меёбад. Ин долон аз Балуҷистон, як минтақаи ошӯбзада ва фақири Покистон ҳам мегузарад.

Интизор меравад, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, авзоъ дар Афғонистон ва нигарониҳои Чин аз пайвастани ҷудоихоҳони мусалмони Шинҷон бо ситезаҷӯёни покистонӣ ҳам баррасӣ шавад.

Қабл аз сафар ба Исломобод, Сӣ Ҷинпин дар сӯҳбат бо расонаҳои покистонӣ таъкид карда буд, ки “Чин ва Покистон барои рафъи таҳдидҳо бояд ҳамкорӣ дар масоили амниятиротаҳким бубахшанд".

XS
SM
MD
LG