Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Раҳмон Набиев аз вазъи худ шикоят кард


Ҳамсари раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев – Майрам Набиева гуфтааст, ҳеч яке аз амрҳои Қонуни Асосии Тоҷикистон нисбати ӯ ва хонаводаам иҷро намешаванд. Ба ин хонавода нафақаи президентӣ пардохта намешавад ва аъзхои он аз ҳама гуна имтиёзҳои оилаи президенти пешин маҳруманд. Ин дар ҳолест, ки бино бар Қонуни Асосии Тоҷикистон хонадони Раҳмон Набиев мебоист дар ин ҳама муддат баробарри музди раисиҷумҳур нафақа мегирифт ва тибқи қонунҳои дигар бо хадамоти тиббӣ, нақлиёт вабимаи саломатӣ таъмин карда мешуд. Дар мусоҳиба бо нашрияи “Азия-Плюс” ҳамсари президенти пешин ҳамчунин шиква кардааст, ки аҳли хонаводаии ӯ аз ширкат дар корҳи давлатӣ ва тиҷоратӣ барканор карда шудаанд ва қазияи машкуки фавти шавҳараш низ таҳқиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG