Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози даҳҳо тоҷири "Гулистон"


Даҳҳо тоҷири бозори марказии “Гулистон” дар ноҳияи Панҷакент аз тасмими мақомот барои иҷборӣ кӯч додани онҳо ба ҷойи дигар эътироз доранд. Аммо маъмурияти бозор мегӯяд, “Гулистон” аз сӯи кормандони идораи зидди сӯхтори вилояти Суғд баста шуда ва соҳибкорон ногузир бозорро тарк кунанд.

Хуршеда Маҳмадҷонова -- як соҳибкори бозори “Гулистон”-и Панҷакент 20 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин субҳ намояндагони мақомоти ҳукумати ноҳия дари бозорашонро баста ва аз соҳибкорон талаб кардаанд, ба бозори дигар, ки “Деҳқон” ном дорад, кӯч банданд. Ӯ мегӯяд, “аз субҳ боз дари бозор бастааст, аммо соҳибкорон дар назди дӯконҳои худ истодаанд ва намехоҳанд ба ҷои дигар раванд. Чунки як дӯкони бозори “Деҳқон” дар ивази 22 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.”

Як тоҷири дигари бозор гуфт, 20 сол боз дар бозори “Гулистон” фаъолият дорад ва наздики 400 соҳибкору фурӯшанда, ки аслан занонанд, аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин мекунанд. Аммо раиси бозор Улмас Шодиев дар робита ба вазъи баамаломада дар бозор гуфт, Идораи зидди сӯхтори вилояти Суғд баъди ошно шудан бо вазъи бозор дар пушти дарвозаи асосии онҳо муҳр зада ва аз 20 апрел фаъолияташро манъ кардааст.

Улмас Шодиев вақте бо мо суҳбат мекард, дар идораи Тоҷикматлубот дар шаҳри Душанбе қарор дошт ва гуфт, ба хотири иҷозаи сохтмони бозори нав дар маҳалли бозори “Гулистон” ба пойтахт омадааст. Вай гуфт, ин бозорро 20 сол қабл мардум аз пеши худ сохтаанд ва аз нигоҳи зиддисӯхторӣ ҳеч шароите надорад ва аз ин рӯ 20 апрел дари бозор маҳкам карда шуд ва ба онҳо пешниҳод карда шудааст, ба бозори дигар бираванд.

XS
SM
MD
LG