Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти вазорати умури хориҷӣ мегӯянд, ки бо мусоидати намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ, боз се шаҳрванди кишвар аз Ямани бӯҳронзада берун оварда шуданд. Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 16 апрел бо мусоидати консулгариҳоии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Дубай, се шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Яман тариқи мусофиркаш ба Арабистони Саудӣ интиқол ёфтанд ва рӯзи 17 апрел аз шаҳри Ҷидда ба Дубай ва аз онҷо ба Душанбе парвоз карданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло намояндагиҳои кишвар дар кишварҳои арабӣ талош доранд, ки заминаи хуруҷи боз шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз Яманро фароҳам созанд. Дар пайи нооромиҳо ахири ин кишвари арабӣ, ки мунҷар ба сарнагунии ҳукумати Мансур Абдурабуҳ шуд, шаҳри Санъо ва шаҳрҳои умдаи дигари он кишвар ба дасти гурӯҳи ҳусиҳо афтод. Ба дунболи ташаннуҷи авзоъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба намояндагиҳои кишвар дар кишварҳои арабӣ дастур дода буд, ки заминаи берун омадани шаҳрвандони кишварро фароҳам созанд. То кунун беш аз 160 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман берун оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG