Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати духтарча аз зарбаи хук сокинонро ба фикри силоҳ андохт


Бар асари ҳамлаи хукон як духтари даҳсола дар ноҳияи Восеъ ҳалок ва ду ҷавони дигар дар Шӯрообод ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодисаи кушта шудан дар пайи ҳамлаи хук дар чанд соли ахир бори аввал рух медиҳад.

Наргиси Саидакбар, як навраси даҳсолаи сокини деҳаи Каримбердии ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бар асари ҳамлаи хуки даштӣ ҷон додааст. Дар гузашта ин хукҳо ба чорво ва заминҳои корами сокинон ҳамла карда ва зарари молӣ мерасонидаанд, аммо ба гуфтаи сокинон, ҳоло хукҳо ба сокинон низ ҳамла мекунанд.

Сайдакбар Исматов, падари Наргиси 10-сола рӯзи душанбеи 20-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Исматов, як хук ба ду духтари ӯ ҳамла кардааст. Калонӣ, 15-сола фирор мекунад, аммо Наргис аз хук чаҳор зарб хӯрда, дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳини рух додани фоҷиа дар назди хона бо кандани хандақ машғул буд ва натавонист духтарашро наҷот диҳад.

«Дар пеши хона як рӯдхона ҳаст ва духтари калониам бо Наргис ба чидани гули қоқу машғул буд. Вақте хук аз даруни рӯдхона пайдо шуда, ба сӯи духтарони ман ҳамла кард, духтари калонам гурехта, наҷот ёфт, аммо то ман аз боло ба поён фуромадам, ки аллакай хук духтари маро дар қафаси сина аз тарафи чап зада маҷрӯҳ кардааст. Ҳарчанд доду фарёд задам, ки ҳеҷ фоида накард,» -- гуфт Саидакбар Исматов.

Ҳоло сокинони деҳаи Каримбердӣ шумораи хукони даштӣ дар атрофи деҳаи худро аз 20 то 30 сар тахмин мезананд. Баъд аз ин ҳодисаҳо, сокинон зиндагии худро бо тарс пушти сар мекунанд.Фазлиддин Сайфиддинов, табиби деҳаи Каримбердӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта пеш аз ин ҳодиса, як муаллими ҷавон низ ҳадафи ҳамлаи хукон қарор гирифт ва аз пушт ва рони пой ҷароҳат бардошт. Ӯ мегӯяд, хукон ҳарчанд ба замини кишт ва ҳайвонот ҳамла мекарданд, аммо бори аввал мебинад, ки ба сокинон низ ҳуҷум мекунанд.

Ҷаноби Сайфиддинов афзуд: "Пеш аз ин аз зери як бутта пайдо шуда, ба омӯзгори ҷавон ҳамла мекунад. Дар пайи ҳамла ин писар худро дар замин бо шикам партофта, хоб мекунад. Ӯ низ омада аз пушт чанд шох мегирад. Дар пайи ин боз ба ин духтар ҳамла мекунад. Аз дармонгоҳи ман ин хона 500 метр дурӣ дошт, то расидам, ки духтар аллакай ҷон бохта буд. Аслан, ҳамла аз сӯи хукҳои нарина сурат гирифта истодааст, ки бештар дар баҳорон каме маст мешаванд ва танҳо мемонанд."

Пулиси ноҳияи Восеъ баъд аз ҳодиса аксари ин хуконро шикор карданд. Ба гуфтаи сокинон, ҳарчанд аз сӯи пулис ин хукони ваҳшӣ шикор шуда бошад ҳам, аммо боқимондаи онро шабона дар деҳа мушоҳида мекунанд.

Ҷамшед Абдуллоев, сардори ҷамъияти «Шикорчиён» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ноҳияи Восеъ ягон шикорчӣ расман, ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Абдуллоев, тибқи қонунгузории ҷорӣ мавсими шикори ҷонварон, аз ҷумла хук сар аз 1 апрел қатъиян манъ мегардад. Ӯ мегӯяд, агар ҳайвон то беморӣ надошта бошад, ба одам ҳамла намекунад, вақте беморие дошта бошад, ба ӯ ҳеҷ фарқе надорад, хоҳ одам, хоҳ ҳайвон бошад, ҳамла мекунад.

“Ҳарсол бояд дар минтақаи Кӯлоб бояд 250 хук шикор шавад, аммо ин шикор ба чашм намерасад, аз ин рӯ хукон афзоиш ёфтаанд. Ҳоло тибқи қонун аз якуми апрел то якуми сентябр шикори хукон ва дигар ҷонварон қатъиян ман мегардад, зеро вақте зоиши онҳо ба миён меояд. Ҳоло хукҳо бештар дар Фархор, Мӯъминобод, Ховалинг ва Шӯрообод мушоҳида мешаванд, ки саршумори онҳо ҳисоб надорад,” -- гуфт мусоҳиби мо.

Аммо Амирхон Ситамов, муовини раиси ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ба Озодӣ гуфт, баъди паронида шудани хук аз суи пулис муайян карда шуд, ки ӯ ягон беморӣ надошт.

Ҳоло тибқи қонунгузории Тоҷикистон сокинони кӯҳистон танҳо бо сабти номи расмӣ метавонанд силоҳ дошта бошанд.

Мустафои Тоҷиддин, як сокини Фархор, ки ба зироаткорӣ машғул аст, ду сол қабл шабона зери ҳамлаи хуки даштӣ монд. Ӯ мегӯяд, вақте худро бо шикам мераптояд, хук ба ӯ ҳамла карда наметавонад, аммо пояш аз шохи он зарб мехӯрад. Ба гуфтаи Мустафо, то ҳол аз ин дард ранҷ мекашад ва баъди ин ҳодиса бо худ камони шикорӣ мегардонад, то дар ҳамлаи хук ва дигар ҷонварони даранда намонад.

Дар гузашта хукҳоро бештар сокинони рустабор шикор мекарданд, ки ҳоло теъдодашон дар Тоҷикистон хеле кам мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG