Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ва "Хайр" - пешсафони сабқати лигаи олӣ


Рӯзҳои 18-19 апрел бозиҳои даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат - 18-19 апрел - баргузор шуданд. Ду бозӣ рӯзи шанбе сурат гирифт. "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Голҳо: Иброҳим Рабимов, 2 (0:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 20 (0:2). Ҳасан Рустамов, 32 – аз пеналтӣ (0:3).

Бозии ССКА "Помир"-и Душанбе бо "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи якшанбе барпо гардид. "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан дар майдони худ аз "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт. ​Голҳо: Фирӯз Қараев, 42 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 68 – аз пеналтӣ (1:1). Комил Саидов, 85 (1:2).

Бозии ду дастаи Душанбе - "Барқи тоҷик" ва "Истиқлол", ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуд, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 5-0 хотима ёфт. Голҳо: Бледа Родригес, 12 ( 0:1). Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 24 (0:2). Бледа Родригес, 34 (0:3). Умедҷон Шарифов, 40 (0:4). Хуршед Маҳмудов, 86 (0:5).

Ёдовар мешавем, даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон 14-уми апрел бо бозии дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хайр»-и Ваҳдат шурӯъ шуда буд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Голҳои “Хайр”-ро Мӯҳсинҷон Парпиев дар дақиқаи 10-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 42-юм заданд. Голи “Равшан”-ро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 35-ум ба ҳадаф расонд.

Бояд тазаккур дод, бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.

Лигаи миллии Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва акнун дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Баъди натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” ва “Хайр” бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷои аввал ва “Хайр” дар ҷои дувум қарор доранд. “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш” бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Даври 3-юм

24 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Истиқлол» – «Парвоз»

25 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Хайр» – «Далерон-Ӯротеппа»

«Вахш» – «Равшан»

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

“Регар-ТадАЗ” – “Барқи тоҷик”

XS
SM
MD
LG