Пайвандҳои дастрасӣ

Ғанӣ ва Рӯҳонӣ хостори ҳамкориҳои амниятӣ шуданд


Пазироии Ашраф Ғанӣ дар назди Қасри Саъадободи Теҳрон

Пазироии Ашраф Ғанӣ дар назди Қасри Саъадободи Теҳрон

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ва ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳонӣ қавл доданд, ки ҳамкориҳои амниятиро тақвият мебахшанд ва аз ҷумла бар зидди гурӯҳҳои тундрави “Давлати Исломӣ” амалиёти муштараки низомӣ анҷом медиҳанд.

Онҳо ин суханонро 19 апрел дар Теҳрон дар як нишасти хабарӣ изҳор доштанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш дар бамгузории интиҳорӣ дар шаҳри Ҷалолобод 33 нафар кушта тақрибан 100 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ашраф Ғанӣ дар ин ҳамла тундравҳои “Давлати исломӣ”-ро муттаҳам кард. Ашраф Ғанӣ барои боздиди дурӯзаи давлатӣ дар Теҳрон қарор дорад. Ин боздид 19 апрел оғоз ёфт.

Рӯҳонӣ гуфт: “Агар зарур бошад, мо дар амалиёт ба ҳамкориҳои кашф ниёз дорем, зеро мушкиле, ки вуҷуд дорад, ба маҳалле маҳдуд нест ва тадриҷан дар саросари минтақа густариш меёбад ва ба ҳар кас таъсир дорад”.

Матбуоти Эрон ҳамчунин гузориш додааст, ки дар музокироти Ашраф Ғанӣ бо раҳбарони Эрон талошҳо бар зидди қочоқи маводи мухаддир, вазъ дар Афғонистон ва масъалаи паноҳҷӯёни афғон дар Эрон низ баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG