Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди дурӯзаи Ашрафғанӣ аз Эрон


Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон барои як боздиди дурӯзаи расмӣ вориди Теҳрон - пойтахти Эрон шуд. Аз замони расидан ба қудрат дар моҳи сентябри соли гузашта ин аввалин боздиди Ашрафғанӣ аз ин кишвари ҳамсоя аст.

Телевизиони давлатии Эрон лаҳзаҳоеро нишон дод, ки Ашрафғанӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ -- раисиҷумҳури Эрон дар Қасри Саъадобод, дар ҷое ки аз меҳмонони баландпоя пазироӣ мекунанд, бо ҳам буданд.

Матбуоти давлатии ин кишвар гузориш додааст, ки дар музокироти Ашрафғанӣ бо раҳбарони Эрон масъалаҳои амнияти минтақа, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, вазъ дар Афғонистон ва масъалаи паноҳҷӯёни афғон дар Эрон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG