Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии 16 вазири Афғонистон тасвиб шуд


Вулуси Ҷирга ё парлумони Афғонистон 16 вазири боқимондаи ҳукумати ин кишварро ба тасвиб расонд. Ин дар ҳолест, ки ним сол пеш бар асоси як тавофуқ миёни Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроӣ, ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуда буд.

Акнун аз 25 вазорат танҳо вазорати дифоъ вазир надорад, зеро дар бораи номзад ба ин мақом миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроӣ тавофуқ ҳосил нашудааст.

Ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ акнун чанд моҳ аст идома дорад ва сабаби он мушкилиҳои қавмиву мазҳабӣ дониста мешавад. То ҳол номзадҳо ба мақоми раиси Додгоҳи олӣ, Додситони кулл ва раиси Бонки миллии Афғонистон ба тасвиб нарасидаанд ва аз тарафи сарпарастон идора мешаванд.

XS
SM
MD
LG