Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Рӯҳонӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон шадидан аз Арабистони Саудӣ интиқод ва онро муттаҳам кард, ки “ба террористҳо дар Сурияву Лубнон ва Ироқ кӯмакҳои молӣ мекунад ва дар ихтиёри онҳо аслиҳа мегузорад”.

Рӯҳонӣ дар суханронии рӯзи 18 апрели худ аз ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ ба шӯришиёни ҳусии Яман интиқод кард. Пештар аз вай олятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эронгуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ “наслкушӣ” ва “ҷиноёт”-ро афзоиш медиҳад.

Рӯҳонӣ гуфт, “шумо дар ин минтақа тухми нифоқ коштед, дер ё зуд ҳосили онро хоҳед дид”. Аммо Арабистони Саъудӣ Эронро муттаҳам мекунад, ки ба ҳусиҳо дар Яман аслиҳа медиҳад. Эрон ин гуфтаҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG