Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Эстония аз хонумаш ҷудо мешавад


Томас Ҳендрик Илвес

Томас Ҳендрик Илвес

Дафтари раёсати ҷумҳурии Эстония хабар дод, ки Томас Ҳендрик Илвес ва Эвелин Илвес-хонуми вай тасмим гирифтаанд, ки аз якдигар ҷудо мешаванд.

Бино ба хабари расонаҳои Эстония, онҳо 11 сол бо ҳам зиндагӣ кардаанд ва аз ин издивоҷ бо номи Кадрӣ Кейу як духтари 11 сола доранд. Бино ба навиштаи матбуот, сабаби талоқ хиёнати заношӯии Эвелин будааст.

Моҳи августи соли 2014 матбуот аксеро чоп кард, ки як марди мӯи сараш сиёҳ хонуми раиси ҷумҳури Эстонияро ба оғӯш гирифта буд. Он вақт рӯзномаҳо навиштанд, ки тамоми шоми ҳамон рӯз Эвелин бо ин марди тақрибан 30 сола бӯсобӯсӣ мекарданд.

Сипас ин ду нафар ба мошине нишастаанд ва ба самти номаълум рафтаанд. Баъд аз ин хонуми раиси ҷумҳур натавонист далелҳоро инкор кунад ва фақат барои чунин рафтораш узрхоҳӣ кард ва бо духтараш ба Олмон рафт.

Илвес дар бораи чунин тасмими худ тавзеҳот надодааст.

XS
SM
MD
LG