Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҷҷуби Обама аз худдории тӯлонии Русия


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳори тааҷҷуб кард, ки Русия барои бекор кардани мамнӯияти фурӯши мушакҳои С-300 ба Эрон муддати тӯлонӣ сабр кард, дар ҳоле ки муносибатҳои миёни Маскав ва Вашингтон хуб нест. Ин мушакҳо барои дифои зидди ҳавоӣ ба кор мераванд.

Обама баъд аз мулоқот бо Матео Рензӣ - нахуствазири Италия ҳангоми суханони худ дар Кохи Сафед гуфт, дар шароите ки иқтисоди Русия дар вазъи ғайримаъмулӣ қарор дорад, фурӯши мушакҳо тасмими ночори молӣ ба шумор меравад.

Рӯзҳои гузашта Русия эълон карда буд, мамнӯияти панҷсолаи фурӯши мушакҳои мазкур ба Эронро бекор мекунад ва ин мушакҳо омили қавии боздорандаи ҳар гуна ҳамлаи ҳавоӣ хоҳанд буд. Обама ёдоварӣ кард, Русия бояд фурӯши ин мушакҳоро ба Эрон соли 2009 оғоз мекард, вале бо дархости Амрико аз ин кор даст кашида буд. Ҳоло Маскав мегӯяд, тасмим дар бораи фурӯши мушакҳо ба пешрафт дар музокироти ҳастаии Эрон иртибот дорад.

XS
SM
MD
LG