Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ибодатгоҳи шаҳри Кёлни Олмон рӯзи ҷумъа ниёиши азодорӣ ба ёди 150 қурбонии суқуқти ҳавопаймои ширкати Germanwings баргузор шуд. Раисиҷумҳури Олмон Йоахим Гаук дар муроҷиат ба пайвандони қурбониёни ин ҳодиса гуфт, ки ҳама кишвар аз ин фоҷиа дар ҳоли шок қарор дорад. Ӯ ба ҳама азодорон изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар ниёиш тақрибан 500 тан аз пайвандони қурбониёни суқути ҳавопаймо, ҳамчунин сиёсатмадорони олмонӣ, фаронсавӣ ва испанӣ ҳузур доштанд.

Рӯзи ҷумъа дар ҳама қаламрави Олмон парчамҳои давлатӣ пойин карда шуданд.

Аэробуси А320 дар хайсайри Барселона-Дюсселдорф бо 150 сарнишину мусофир рӯзи 24 март дар кӯҳистони ҷануби Фаронса суқут кард. Гуфта мешавад, ки Андреас Лубитс, халабони дуввум, ҳавопайморо барқасдона суқут додааст.

XS
SM
MD
LG