Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи раисиҷумҳури Русия дар минтақаи федеролии Сибир Николай Рогожкин дар сӯхтори ҷангалзор мухолифини ҳукуматро айбдор кард. Ӯ дар як нишаст оид ба вазъи зиддисӯхтор ва рафъи паёмадҳои вазъи изтирорӣ дар шаҳри Чита рӯзи 17 апрел ҳадс зад, ки оташ задани ҷангал кори дасти гурӯҳи тамриндидаи мухолифини ҳукумат аст.

Ба гуфтаи мансабдори рус, агар ин тавр намебуд, чӣ гуна сӯхтор ҳамзамон дар чанд ҷой сар мезад.

Кремл аз ташреҳи ин гуфтаҳои Николай Рогожкин худдорӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди қурбониёни сӯхтор дар минтақаи Хакасияи Русия то 30 нафар афзоиш ёфт. Ду нафар то ҳол беному нишонанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 17 апрел иттилоъ дод. Қаблан теъдоди қурбониён 29 нафар эълон шуда буд. Ба иттилои ахир, 1072 нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд, 53 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд. Бар асари сӯхтор дар Хакасия беш аз 1300 манзили зист дар 33 рустову шаҳрак ба коми оташ рафта, тақрибан 4 ҳазору 700 нафар бехонумон шудаанд.

Талошҳои хомӯш кардани сӯхтор дар Забайкалие ва Бурятистон ҳам идома дорад. Дар ин манотиқ беш аз 100 ҳазор гектар ба оташ фаро гирифта шудааст. Дар Зайкалие дар робита ба сӯхтор дар ҷангалзор тайи се шабонарӯзи ахир 25 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тайи рӯзҳои ахир дар ин минтақа беш аз 200 манзили истиқоматӣ комилан сӯхтааст.

XS
SM
MD
LG