Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши қочоқи 35000 доллар ба Тоҷикистон


Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми аз Русия баровардани 35 000 доллари амрикоӣ боздошт шудааст. Намояндагони додситонии нақлиётии минтақаи Урали Русия мегӯянд, ин шаҳрванд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Челябинск боздошт шуд, хостааст, бе санадҳои дахлдор ин миқдор арзи хориҷиро ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Вай ҳамчунин маблағи 35 ҳазор долларро дар эъломияи гумрукии худ зикр накардааст. Додгоҳи ноҳияи Металлурги шаҳри Челябинск ин шаҳрванди Тоҷикистон ба маблағи камтарин музди солона 66 000 рубли русӣ ҷарима кард.

XS
SM
MD
LG