Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди Маскав аз ҳузури амрикоиҳо дар Украина


Русия ҳузури мураббиёни низомии Амрико дар Украинаро омили эҳтимоли дубора ноором крадани авзоъ дар Донбасс арзёбӣ мекунад. Ин изҳороти Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа, баъди нашри хабар дар бораи вориди Украина шудани мураббиёни низомиёни ИМА пахш гардид.Майори амрикоӣ Хосе Мендес ба хабаргузориҳо гуфт, ки онҳо ба инструктаж ва тамрини амалиёти ҷангӣ машғул хоҳанд шуд.

Аз ин пеш вазири умури дохилиии Украина Арсен Аваков хабар дод, ки тамринҳои муштарак 20 апрел дар пойгоҳи Яворский дар вилояти Лвов шурӯъ мекунанд ва дар онҳо 900 низомии Горди миллии Украина ва 290 сарбози нерӯҳои десантии Амрико ширкат хоҳанд дошт.

Дар Украина мураббиёни низомии бритониёвӣ аллакай ба тамрини низомиён машғуланд. Канада ва Лаҳистон низ ваъда доданд, ки мутахассисони ҳарбии худро ба Украина мефиристанд.

Дар шарқи Украина оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор эълон шудааст, аммо тақрибан ҳар рӯз дар бораи нақзи оташбас ва талафоти ҷонибҳо хабар мерасад.

XS
SM
MD
LG