Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 кас дар сӯхторҳои Хакасия


Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар минтақаи Хакасияи Русия то 30 нафар афзоиш ёфт. Ду нафар то ҳол беному нишонанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 17 апрел иттилоъ дод. Қаблан теъдоди қурбониён 29 нафар эълон шуда буд.

Ба иттилои ахир, 1072 нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд, 53 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд. Бар асари сӯхтор дар Хакасия беш аз 1300 манзили зист дар 33 рустову шаҳрак ба коми оташ рафта, тақрибан 4 ҳазору 700 нафар бехонумон шудаанд.

Талошҳои хомӯш кардани сӯхтор дар Забайкалие ва Бурятистон ҳам идома доранд. Дар ин манотиқ беш аз 100 ҳазор гектар ба оташ фаро гирифта шудааст. Дар Зайкалие дар робита ба сӯхтор дар ҷангалзор тайи се шабонарӯзи ахир 25 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тайи рӯзҳои ахир дар ин минтақа беш аз 200 манзили истиқоматӣ комилан сӯхтааст.

XS
SM
MD
LG