Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонҳо 12 масеҳиро ба баҳр афканданд


Полиси Италия рӯзи ҷумъа 15 муҳоҷири мусалмонро бо гумони аз киштӣ ба баҳр афкандани 12 масеҳӣ боздошт кард. Ба гуфтаи шоҳидон, моҷаро дар киштие ба вуқӯъ пайваст, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Италия мебурд. Дар ин моҷаро муҳоҷирони насронӣ аз Гана ва Нигерияро ба баҳр афканданд ва ҳадс зада мешавад, ки ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи тартиботи Италия, дар ин киштӣ 105 нафар ҳузур доштанд.

Полиси шаҳри Палермои Ситсилия хабар дод, ки афроди боздоштшуда – шаҳрвандони Гвинея, Мали, Соҳили Оҷ ва Сенегал, дар куштори дорои ангезаи мазҳабӣ муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG