Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 18-19 апрел бозиҳои даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат - 18-19 апрел - баргузор мешаванд. Ду бозӣ рӯзи шанбе байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Барқи тоҷик»-и Душанбе - «Истиқлол»-и Душанбе сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон 14-уми апрел бо бозии дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хайр»-и Ваҳдат шурӯъ шуд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 15000 тамошобин баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Голҳои “Хайр”-ро Мӯҳсинҷон Парпиев дар дақиқаи 10-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 42-юм заданд. Голи “Равшан”-ро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 35-ум ба ҳадаф расонд.

Бояд тазаккур дод, бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.

Лигаи миллии Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва акнун дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Хайр” бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш”, ки ҳар кадом як бозӣ анҷом додааст, бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хайр» (Ваҳдат)

2

2

0

0

4-1

6

2

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

2-0

3

3

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

1

0

0

1-0

3

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

2-2

1

5

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

1

1

3-4

1

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

0

0

0

0

0-0

0

7

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

8

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

1

0

0

1

0-1

0

9

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-2

0

10

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

0-2

0

Нишонзани беҳтарин: Наполеон АНДОХ («Хайр») – 2 тӯб.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

18 апрел (шанбе)

«ПАРВОЗ» — «ХУҶАНД»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

ССКА «ПОМИР» — «ВАХШ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

19 апрел (якшанбе)

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Оғози бозиҳосоати 16:00

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ИСТИҚЛОЛ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Оғози ин бозӣ соати 17:00

XS
SM
MD
LG