Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Қазоқистон се шаҳрванди ин кишварро бо иттиҳоми талоши пайвастан ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва ҷангидан дар Ироқу Сурия ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон ҷавони дигареро барои даъватҳо ба терроризм ва пайвастан бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба 5 соли ҳабс маҳкум намуд. Мақомоти Қазоқистон аз афзоиши сафи шаҳрвандони ин кишвар дар гурӯҳи "Давлати Исломӣ" изҳори нигаронӣ мекунанд. Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ ахиран тахмин зад, ки дар се соли охир аз 2 то 4 000 сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG