Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 16 апрел гуфт, ки ҳадафи таҳримҳои Ғарб боздоштани рушди Русия ва ҳамзамон эътироф кардани он аст, ки нақши Русия дар бӯҳрони шарқи Украина як навъ баҳона барои ҷорӣ кардани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупову Амрико ва кишварҳои дигар аст.

Дар суолу ҷавоби телевизионӣ, ки ба таври мустақим аз телевизион пахш шуд, Путин гуфт, ки Русия аз хориҷ ба чолишҳо рӯ ба рӯ мешавад ва метавонад ба ин чолишҳо ҷавоб диҳад, агар дар дохил суботи сисёсӣ таъмин бошад.

Вай гуфт, ҳадафи таҳримҳо “боздоштан”-и Русия аст ва пешгӯӣ кард, ки ин таҳримҳо ба зудӣ бардошта нахоҳанд шуд.

Аммо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки ҳадафи таҳримҳо тағир додани рафтори Русия аст, ки ғайриқонунӣ Қримро моҳи марти соли 2014 ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Гузашта аз ин, ба шарқи Украина ниру ва силоҳ фиристод, ки боиси куштори беш аз 6 000 нафар шуд.

Путин иддао кард, ки Русия шарту шароити қарордоди оташбаси моҳи феврали Минскро риоят мекунад ва ин таҳримҳо вазъро дар Украина тағир намедиҳад.

XS
SM
MD
LG