Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояи журналистон аз Ҷамила Ҳусейнова


Гурӯҳе аз журналистон ва фаъолони ҷамъиятӣ ба ҷонибдории журналисти тоҷик Ҷамила Ҳусейнова ва нашрияи «Вечерний Душанбе» имзо ҷамъ карда аз мири шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дархости кӯмак ва пуштибонӣ кардаанд. Нашри мақолаи танқидии журналист дар таърихи 18 март зери унвони «Чаро автобазаҳо ба «қабристони» автобусҳо табдил мешаванд?», мавриди эътирози муовини раиси ширкати давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов шудааст. Дар даъвояш ба додгоҳ Давлатов худро таҳқиршуда эҳсос карда пардохти 101,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулиро барои барқарории обурӯяш талаб кардааст. Давлатов дар аризааш ба додгоҳи ноҳияи Сино гуфтааст, ки баъди хондани ин мақола вазъи саломатиаш ҳам бад шудааст. Нашрия ва журналист Ҳусейнова дар навбати худ мегӯянд, ин мақола бар пояи факту далел иншо шуда, ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва сӯиистифода аз мақомро ошкор мекунад.

XS
SM
MD
LG