Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Аврупо якдилона қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки куштори арманиҳо дар соли 1915 аз тарафи Туркияи Усмониро “наслкушӣ” эътироф мекунад. Ин тасмими порламони Аврупо ҳоло ғазаби Анкараро барангехтааст.

Аз ин қатънома ҳамаи гурӯҳҳои сисёсии Порламони Авпупо ҷонибдорӣ карданд. Дар он гуфта мешавад, ки ин порламон дар маросимҳои ёдбуди наслкушии арманиҳо ширкат хоҳад кард ва бо онҳо ҳамрай хоҳад буд.

Дар қатънома омадааст, ки Анкара бояд ҳамаи бойгониҳои худро боз кунад, ба гузашта тан диҳад, наслкушии арманиҳоро эътироф намояд ва ба ин тартиб роҳро барои оштии воқеии мардумони арману турк ҳамвор созад.

Эдуард Налбанидиён-вазири корҳои хориҷаи Арманистон аз ин қатънома ситоиш кард ва гуфт, “ин қатънома дорои паёми муҳим ба Туркия аст, ки бо истифода аз солгарди наслкушии арманиҳо ба гузашта тан диҳад, бо эътирофи наслкушии арманиҳо роҳро барои оштии воқеии мардумони арману турк боз кунад”.

XS
SM
MD
LG