Пайвандҳои дастрасӣ

Зайнаб Бангура аз Ховари Миёна боздид мекунад


Зайнаб Бангура

Зайнаб Бангура

Зайнаб Бангура-намояндаи вижаи СММ оид ба хушунатҳои ҷинсӣ мегӯяд, ки вай бори аввал ба Ховари Миёна сафар мекунад. Вай дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки ин боздид 16 апрел оғоз меёбад ва Сурияву Ироқ, Урдуну Лубнон ва Туркияро дар бар мегирад.

Дар гузоорише, ки ҳафтаи ҷорӣ ба нашр расид, СММ мегӯяд, ки соли 2014 бо маълумотҳо дар бораи аъмоли ваҳшатбори таҷовузи ҷинсӣ, ғуломии ҷинсӣ, издивоҷҳои маҷбурӣ тавассути гурӯҳҳои тундрав, аз қабили “Давлати Исломӣ” дар хотирҳо мондааст.

Дар гузориш аз хушунати ҷинсӣ тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ақидаҳои тундгароиро таблиғ мекунанд, амиқан изҳори нигаронӣ шудааст. Чунин аъмол дар Ироқу Сурия, Нигерияву Малӣ ва Либияву Яман бештар будааст.

XS
SM
MD
LG