Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу мегӯяд, кишвараш ёриҳои ҳарбиро ба Тоҷикистон идома ва пойгоҳи худро дар ин кишвар таҳким хоҳад дод, то аз эҳтимоли сирояти нооромиҳо аз Афғонистон пешгирӣ намояд. Ин изҳороти Шойгу дар ҳамоиши чаҳоруми масъалаҳои амниятӣ дар Маскав садо дод. Вай изҳор дошт, ки эътилофи байнулмилалӣ вазифаҳои худро дар Афғонистон иҷро карда натавонист, терроризм дар ин кишвар решакан нашуд ва мавҷи маводи мухаддир аз он рӯ ба афзоиш дорад. Вазири Русия шарҳ надод, ки ёриҳои ҳарбии кишвараш ба Тоҷикистон аз чӣ иборат хоҳад буд. Ваъдаи чунин кӯмакҳо ҳанӯз аз замоним тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон пайваста садо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG