Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилова соҳиби ҷоизаи муътабар хоҳад шуд


Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова-рӯзноманигори зиндонии Озарбойҷон ва ҳамкори бахши озарии Радиои Озодӣ моҳи оянда соҳиби ҷоизаи муътабари матбуоти озод хоҳад шуд.

Маркази амрикоии PEN гуфт, ки ба Исмоилова барои гузоришҳои таҳқиқотиаш 5 май ҷоизаи PEN/ Barbara Goldsmith Freedom-ро медиҳанд.

Хадиҷа Исмоилова дар гузоришҳои таҳқиқотии худ ришвахорӣ дар зинаҳои болотарини ҳукумати Озарбойҷон, аз ҷумла Илҳом Алиев-раиси ҷумҳурро ифшо кард. Вай 5 декабр ба эҳтимоли таҳрик кардани марде ба худкушӣ ба зиндон андохта шуд.

Ин мард аз додситонҳо хост, ки даъвои вайро бекор кунанд, вале бар зидди Исмоилова иттиҳомоти дигарро пеш оварданд ва моҳи феврал гуфтанд, ки вай аз пардохти андоз канораҷӯӣ кардааст.

Исмоилова ин иттиҳомотро сохта медонад ва мегӯяд, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG