Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду ҷавон дар Қазоқистон 5 солӣ маҳкум шуданд


Додгоҳе дар Қазоқистон ду наврасро барои таблиғи терроризм 5 сол маҳкум ба зиндон кард. Онҳо ният доштаанд, ки ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” бипайванданд.

Додгоҳи ҷавонон дар минтақаи ғарбии Атурай ин ду нафарро муҷрим шинохт ва ҳукми худро 15 апрел содир кард. Ин ду нафарро фақат бо номи хонаводагии онҳо ба мардум муаррифӣ намудаанд. Онҳо мехостаанд дар Ховари Миёна ба тундравҳо бипайванданд.

Додситонҳо мегӯянд, ки ин ду ҷавон фаъолияти гурӯҳҳои тундрави исломии Сурияву Ироқро дар интернет таблиғ кардаанд.

Ахиран Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо тахмин зад, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна дар давоми се соли ахир аз 2 000 то 4 000 нафар ба Сурия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG